1
Юҳанно* 4:24
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
Compare
Explore Юҳанно* 4:24
2
Юҳанно* 4:23
Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои Худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
Explore Юҳанно* 4:23
3
Юҳанно* 4:14
Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, дар ботинаш чашмаи оби ҳаётбахш мегардад ва ӯро ба ҳаёти абадӣ мебарад».
Explore Юҳанно* 4:14
4
Юҳанно* 4:10
Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва Кӣ ба ту „барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
Explore Юҳанно* 4:10
5
Юҳанно* 4:34
Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман ин аст, ки хости Фиристандаамро иҷро кунам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
Explore Юҳанно* 4:34
6
Юҳанно* 4:11
Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Ту сатил надорӣ, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас аз куҷо оби ҳаёт мегирӣ?
Explore Юҳанно* 4:11
7
Юҳанно* 4:25-26
Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо мефаҳмонад». «Ҳамон Кас Манам, ки бо ту суҳбат мекунам», – ҷавоб дод Исо.
Explore Юҳанно* 4:25-26
8
Юҳанно* 4:29
«Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт. Шояд Ӯ Таъйиншудаи Худо бошад?»
Explore Юҳанно* 4:29
Home
Bible
Plans
Videos