1
Луқо* 12:40
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед».
Compare
Explore Луқо* 12:40
2
Луқо* 12:31
Баръакс, Подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.
Explore Луқо* 12:31
3
Луқо* 12:15
Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии сарваташ иборат нест».
Explore Луқо* 12:15
4
Луқо* 12:34
Зеро ҳар ҷое, ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.
Explore Луқо* 12:34
5
Луқо* 12:25
Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад?
Explore Луқо* 12:25
6
Луқо* 12:22
Исо ба шогирдонаш гуфт: «Бино бар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯред ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед.
Explore Луқо* 12:22
7
Луқо* 12:7
ва ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.
Explore Луқо* 12:7
8
Луқо* 12:32
Эй шумо, ки рамаи хурди Худо ҳастед, натарсед! Зеро хости Падаратон чунин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад.
Explore Луқо* 12:32
9
Луқо* 12:24
Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на киштукор мекунанд, на ҳосил ҷамъ мекунанд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо онҳоро мехӯронад ва арзиши шумо нисбат ба парандаҳо чанд маротиба баландтар аст!
Explore Луқо* 12:24
10
Луқо* 12:29
Ғам нахӯред ва аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед
Explore Луқо* 12:29
11
Луқо* 12:28
Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, чанд маротиба беҳтар аз он пӯшонда метавонад!
Explore Луқо* 12:28
12
Луқо* 12:2
Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.
Explore Луқо* 12:2
Home
Bible
Plans
Videos