YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 15

15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Иҷрои аҳд: ваъда кардани насли рӯҳонӣ.
1Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт:
«Натарс, эй Абром;
Ман сипари ту ҳастам;
музди ту бағоят бузург аст».
2Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».
3Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».
4Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».
5Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
6Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
7Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».
8Ва гуфт: «Худоё Худовандо! Аз чӣ бидонам, ки вориси он хоҳам буд?»
9Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».
10Ӯ ин ҳамаро гирифт, ва онҳоро дупора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯи ҷуфташ гузошт; фақат мурғонро пора накард.
11Ва лошахӯрон бар лошаҳо фурӯд омаданд; лекин Абром онҳоро ронд.
12Ва ҳангоми ғуруби офтоб Абромро хоби гарон зер кард; ва инак, даҳшат ва зулмоти азиме ӯро фаро гирифт.
13Ва ба Абром гуфт: «Яқин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.
14Ва бар халқе ки онҳо бандагонаш хоҳанд буд, Ман доварӣ хоҳам кард; ва баъд аз он бо дороии зиёд берун хоҳанд омад.
15Ва ту назди падарони худ ба саломатӣ хоҳӣ рафт ва дар пирии некӯ мадфун хоҳӣ шуд.
16Ва дар насли чорум ба ин ҷо хоҳанд баргашт, зеро ки гуноҳи амӯриён ҳанӯз пур нашудааст».
17Ва чун офтоб ғуруб карда, торикӣ фаро расид, танӯри пурдуд ва оташи алангадор аз миёни он пораҳо гузар кард.
18Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт:
«Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург,
яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:
19Қениёнро, қеназзиёнро, қадмӯниёнро,
20Ҳиттиёнро, фариззиёнро, рафоиёнро,
21Амӯриёнро, канъониёнро, ҷирҷошиёнро ва ябусиёнро».

Currently Selected:

Ҳастӣ 15: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in