Инҷили Луқо 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Исо дар рӯзи шанбе шифо медиҳад.
1Як рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд:
2Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо#14:2 Бемории истисқо — бемории обхӯра (ё обхӯрак): ҷамъ шудани моддаҳои обакӣ дар шикам ва дигар аъзои бадан. буд.
3Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст ё не?»
4Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.
5Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?»
6Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.
Масал дар бораи онҳое ки дӯст медоранд дар базм пешгоҳнишин бошанд.
7Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:
8«Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад,
9Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: „Ҷои худро ба ӯ бидеҳ“; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.
10Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: „Эй дӯст! Болотар бинишин“; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,
11Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад».
Порсоии фарисиён не, балки раҳмдилӣ муҳим аст.
12Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вақте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳӣ ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.
13Балки, чун зиёфат медиҳӣ, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо,
14Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд».
15Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!»
Масал дар бораи онҳое ки ба зиёфам даъвам шудаанд.
16Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даъват намуд;
17Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: „Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст“.
18Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: „Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ“.
19Дигаре гуфт: „Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ“.
20Сеюмин гуфт: „Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям“.
21Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: „Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр“.
22Ва ғулом гуфт: „Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст“.
23Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;
24Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон — кам“».
Исоро пайравӣ карда намешавад бе он ки кас ба таври ҷиддӣ тарки ҳама чиз кунад ва худро имтиҳон намояд.
25Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:
26«Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;
27Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;
Масал дар бораи касе ки бурҷе месозад.
28Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад,
29Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд
30Ва гӯянд: „Ин шахс ба сохтан шурӯъ намуд ва ба тамом кардан кувваташ нарасид?“
Масал дар бораи подшоҳе ки ба ҷанг медарояд.
31Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд?
32Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад.
33Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.
Дар бораи намаке ки қуввамашро гум карда бошад.
34Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?
35На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартояид. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
Currently Selected:
Инҷили Луқо 14: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

: