YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 22

22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Яҳудо Исоро таслим мекунад.
1Иди фатир, ки фисҳ номида мешавад, наздик буд;
2Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ӯро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд.
3Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьютро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.
4Пас вай рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чӣ сон Ӯро ба онҳо таслим кунад.
5Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.
6Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.
Омода кардани фисҳ.
7Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид.
8Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед».
9Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр кунем?»
10Ба онҳо гуфт: «Инак, вақте ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд,
11Ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?“
12Вай ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед».
13Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд, ва фисҳро омода карданд.
Фисҳ.
14Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд.
15Ба онҳо гуфт: «Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам;
16Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар нахоҳам хӯрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд».
17Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед;
18Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд».
Муқаррар кардани Таоми шоми Худованд.
19Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред».
20Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.
Исо дар бораи таслимкунанда сухан меронад.
21Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст.
22Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқаррар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи вай Ӯ таслим карда шавад».
23Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?
Баҳсу мунозира дар бораи бартарии шогирдон.
24Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.
25Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд;
26Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор — монанди хизматгузор.
27Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам.
Ҷои ҳаввориён дар малакути оянда.
28Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,
29Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,
30То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».
Исо дар бораи инкори Петрус сухан меронад.
31Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад;
32Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».
33Вай ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам».
34Лекин Ӯ гуфт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон ҳоҳӣ гуфт, ки Маро намешиносӣ».
Исо ба шогирдон дар бораи имтиҳонҳое ки Ӯро дар пеш аст, сухан меронад.
35Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».
36Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯхта, бихарад.
37Зеро ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: „з ҷинояткорон шумурда шуд“. Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад».
38Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо дуто шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Кифоя аст».
Исо дар боғи Ҷатсамонӣ.
39Ва берун омада, аз рӯи одат, ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.
40Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед».
41Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:
42«Эй Падар! Агар бихоҳӣ, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд».
43Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод.
44Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷаҳди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.
45Баъд аз дуо барҳоста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.
46Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».
Ҳабс шудани Исо.
47Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яхудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ӯро бибӯсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ҳамон аст».
48Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?»
49Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?»
50Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гӯши рости вайро бурида партофт.
51Исо дар ҷавоб гуфт: «Даст кашед, бас аст». Ва гӯши вайро ламс карда, шифо дод.
52Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва пироне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед!
53Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост».
54Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.
Дар доварии саркоҳинон. Инкори Петрус.
55Вақте ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.
56Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд».
57Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт: «Ман Ӯро намешиносам».
58Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус ба он одам гуфт: «Ман аз онҳо нестам».
59Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ӯ буд, зеро ки вай ҷалилист».
60Аммо Петрус ба он кас гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки дарҳол хурӯс бонг зад.
61Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
62Ва берун рафта, зор‐зор гирист.
Исо аз шарирон таҳқирҳоро қабул мекунад.
63Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро тамасхур мекарданд ва мезаданд;
64Ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»
65Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд.
Исо ба ҳузури шӯрои пирон.
66Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд,
67Ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед;
68Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед;
69Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст».
70Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегӯед, ки Ман ҳастам».
71Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ӯ шунидем!»

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in