1
Ҳастӣ 15:6
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
השווה
חקרו Ҳастӣ 15:6
2
Ҳастӣ 15:1
Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».
חקרו Ҳастӣ 15:1
3
Ҳастӣ 15:5
Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
חקרו Ҳастӣ 15:5
4
Ҳастӣ 15:4
Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».
חקרו Ҳастӣ 15:4
5
Ҳастӣ 15:13
Ва ба Абром гуфт: «Яқин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.
חקרו Ҳастӣ 15:13
6
Ҳастӣ 15:2
Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».
חקרו Ҳастӣ 15:2
7
Ҳастӣ 15:18
Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам
חקרו Ҳастӣ 15:18
8
Ҳастӣ 15:16
Ва дар насли чорум ба ин ҷо хоҳанд баргашт, зеро ки гуноҳи амӯриён ҳанӯз пур нашудааст».
חקרו Ҳастӣ 15:16
בית
כתבי הקודש
תוכניות
קטעי וידאו