Юҳанно* 4
4
Суҳбати Исо бо зани сомарӣ
1Фарисиён шуниданд, ки Исо аз Яҳё бештар шогирд дошт ва бештар мардумро таъмид медод, 2ҳол он ки на Худи Исо, балки шогирдони Ӯ мардумро таъмид медоданд. 3Вақте ки Исо дар бораи ин фаҳмид, Ӯ Яҳудияро тарк кард ва боз ба сӯи Ҷалил равона шуд. 4Роҳи Ӯ аз вилояти Сомара мегузашт. 5Инак, Исо ба Сухар ном шаҳри Сомара омада расид. Он дар наздикии заминест, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд. 6Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд. 7-8 Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд.
Ҳамин вақт як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ». 9Он зан ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман, зани сомарӣ об мехоҳӣ?» Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён ҳеҷ рафтуомаде надоштанд ва ҳатто гап намезаданд. 10Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва Кӣ ба ту „барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». 11Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Ту сатил надорӣ, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас аз куҷо оби ҳаёт мегирӣ? 12Магар Ту аз падари мо Яъқуб, ки ин чоҳро ба мо додааст ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастӣ?»
13Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад. 14Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, дар ботинаш чашмаи оби ҳаётбахш мегардад ва ӯро ба ҳаёти абадӣ мебарад».
15Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об деҳ, ки дигар ташна намонам ва барои об ба назди ин чоҳ наоям!» 16Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё». 17«Ман шавҳар надорам», – ҷавоб дод зан.
Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. 18Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ин суханат рост аст». 19Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ. 20Аҷдодони мо дар болои ин кӯҳ саҷда мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Уршалим саҷда кунанд». 21Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар болои ин кӯҳ ва на дар Уршалим саҷда хоҳед кард. 22Шумо, сомариён намедонед, ки ба кӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд. 23Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои Худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд! 24Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо мефаҳмонад». 26«Ҳамон Кас Манам, ки бо ту суҳбат мекунам», – ҷавоб дод Исо.
27Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане суҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан суҳбат мекунад. 28Зан кӯзаи худро монд ва ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт: 29«Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт. Шояд Ӯ Таъйиншудаи Худо бошад?»
30Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд. 31Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз бихӯр!» 32Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред». 33Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?» 34Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман ин аст, ки хости Фиристандаамро иҷро кунам ва кори Ӯро ба анҷом расонам. 35Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст! 36Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд. 37Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“. 38Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба хотири суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт», ба Исо имон оварданд.
40Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд. 41Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯйи суханони Худи Ӯ имон оварданд. 42Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на ба хотири суханони ту имон овардем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
Шифо ёфтани писари мансабдори дарбор
43Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт. 44Ӯ Худ шаҳодат медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад. 45Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Уршалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд.
46Исо боз ба Қонои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар шаҳри Кафарнаҳум писари яке аз мансабдорони дарбор бемор буд. 47Ин кас аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад. 48Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Эй одамон, то аломату муъҷизаҳоро набинед, имон намеоваред». 49«Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» – гуфт мансабдор. 50Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат зинда мемонад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, ба хонааш рафт.
51Ҳанӯз дар роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифтанд ва гуфтанд, ки писараш сиҳат шуд. 52Мансабдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд». 53Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин дар ҳамон соате рӯй дод, ки Исо ба ӯ «писарат зинда мемонад» гуфта буд. Пас ӯ ва тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд. 54Ин муъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд.
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад