Луқо* 23
23
Дар назди Пилотус
1Баъд тамоми шӯро аз ҷой бархеста, Исоро ба назди ҳоким Пилотус бурданд 2ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба шоҳаншоҳ супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто Худро Масеҳ ва Подшоҳ меномад». 3Пилотус аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ту худат ҳамин тавр мегӯйӣ». 4Пилотус ба коҳинони калон ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам». 5Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад».
6Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?» 7Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояте будааст, ки дар зери ҳукмронии Ҳиродус аст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Уршалим буд.
Дар назди Ҳиродус
8Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон муъҷизаи Исоро мебинад. 9Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод. 10Коҳинони калон ва устодони шариат бошанд, дар он ҷо истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд. 11Ҳиродус ҳамроҳи сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод.
12Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.
Ба марг маҳкум шудани Исо
13Пилотус коҳинони калон, роҳбарон ва мардумро даъват карда, 14ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест. 15Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. 16-17 Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ кунанд ва баъд озод мекунам». 18Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Барабборо озод кунед!» 19Бараббо одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд. 20Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт. 21Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!» 22Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда озод менамоям». 23Вале онҳо беист, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо ба салиб мехкӯб карда шавад. Онҳо бо доду фарёди худ гапашонро гузаронданд 24ва Пилотус ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд. 25Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод кард. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
Ба салиб мехкӯб шудани Исо
26Сарбозон Исоро барои ба қатл расондан мебурданд. Он гоҳ Шимъун ном марде, ки аз деҳаи Қайравон буд, аз деҳа омада истода буд. Сарбозон Шимъунро боздошта, ба китфаш салибро бор карданд, ки аз ақиби Исо бардошта барад.
27Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ зор-зор мегиристанд.
28Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Уршалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед. 29Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“. 30Он вақт одамон ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пӯшонед!“#23:30 Ҳушаъ 10:8 31Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд. 33Чун ба ҷое, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, расиданд, Исоро ба салиб мехкӯб карданд. Он ҷинояткоронро низ, якеро аз тарафи рост ва дигареро аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карданд. 34Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас, сарбозон барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд. 35Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Масеҳ ва Интихобшудаи Худо бошад, Худро наҷот диҳад!» 36Сарбозон низ Ӯро масхара менамуданд. Онҳо ба Исо наздик шуда, ба Ӯ сирко дароз карданд ва 37гуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, Худатро наҷот деҳ!» 38Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд, чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст».
Имон овардани ҷинояткор
39Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба Исо таъна зада мегуфт: «Магар Ту Масеҳ нестӣ? Пас ҳам Худату ҳам моро наҷот деҳ!» 40Вале дуюмин дар ҷавоб ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем. 41Вале ҷазои мо аз рӯйи адолат аст, зеро он чиро сазовор будем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст». 42Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки дар тахти Подшоҳиат мешинӣ, маро ба ёдат биёр». 43Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ».
Марги Исо
44Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт. 45Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, дарида ду пора шуд.
46Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам!»#23:46 Забур 30:6 Инро гуфта, ҷон дод.
47Яке аз сардорони лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард бегуноҳ буд». 48Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар қафаси сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд. 49Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро тамошо мекарданд.
Дафни Исо
50-51 Юсуф ном марди хубу некукор аз шаҳри Ромои яҳуднишин буд. Ӯ фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид ва бо вуҷуди аъзои шӯрои пирон буданаш, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд.
52Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. 53Ӯ онро аз салиб пойин фароварда, ба матои суф печонду ба қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд.
54Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат наздик буду мардум ба он тайёрӣ медиданд. 55Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. 56Баъд онҳо ба хонаҳояшон баргашта, равғанҳои хушбӯй ва молиданиҳоро тайёр намуданд.
Дар рӯзи шанбе онҳо мувофиқи қонуни шариат дам гирифтанд.
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад