1
Матто* 9:37-38
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. Аз ин рӯ, аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад».
አወዳድር
{{ጥቅስ}} ያስሱ
2
Матто* 9:13
Рафта фаҳмед, ки ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“. Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукоронро, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
3
Матто* 9:36
Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд.
4
Матто* 9:12
Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд.
5
Матто* 9:35
Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ҷамоатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид.
Home
Bible
Plans
Videos