Инҷили Юҳанно 6

6
БОБИ ШАШУМ
Сер шудани панҷ ҳазор мард.
1Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд;
2Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ равона шуданд, зеро он мӯъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.
3Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.
4Иди фисҳи яҳудиён наздик буд.
5Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?»
6Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард.
7Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихӯранд».
8Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт:
9«Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?»
10Исо гуфт: «Мардумро шинонед». Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд.
11Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.
12Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад».
13Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
Исо бар баҳр қадам мезанад.
15Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад.
16Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд
17Ва ба каиқе савор шуда, ба он тарафи баҳр, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.
18Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад.
19Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд.
20Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед».
21Онҳо мехостанд Ӯро ба қаик дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.
Исо — нони ҳаёт.
22Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;
23Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд;
24Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд.
25Ва Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?»
26Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби мӯъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед.
27На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».
28Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?»
29Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред».
30Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?
31Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: „Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд“».
32Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;
33Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ».
35Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.
36Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред.
37Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
38Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ.
39Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато кард, чизе талаф накунам, балки дар рӯзи вопасин онро эҳьё кунам;
40Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».
41Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд».
42Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ тавр мегӯяд, ки „Ман аз осмон нозил шудаам“?»
43Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба якдигар шикоят накунед:
44Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.
45Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: „Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт“. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.
46На ин ки касе Падарро дидааст, чуз Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст.
47Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.
48Ман нони ҳаёт ҳастам.
49Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд;
50Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихӯрад, намирад.
51Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».
52Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихӯрем?»
53Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред;
54Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;
55Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист;
56Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай;
57Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;
58Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».
59Ин суханонро, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ гуфт.
Ҷудоӣ дар миёни шогирдон.
60Бисьёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?»
61Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад?
62Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт?
63Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст;
64Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим хоҳад кард.
65Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад».
66Аз он вақт бисьёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд.
Эътирофи Петрус.
Яҳудо — таслимкунанда.
67Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?»
68Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст,
69Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».
70Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст».
71Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Шимъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.

المحددات الحالية:

Инҷили Юҳанно 6: KM92

تمييز النص

شارك

نسخ

None

هل تريد حفظ أبرز أعمالك على جميع أجهزتك؟ قم بالتسجيل أو تسجيل الدخول