Инҷили Юҳанно 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Бародарон Исоро ба иди хаймаҳо таклиф мекунанд.
1Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд.
2Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд.
3Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то ки шогирдонат низ он аъмолеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд;
4Зеро касе ки мехоҳад машҳур шавад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо».
5Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд.
6Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст;
7Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;
8Шумо ба ин ид биравед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст».
9Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.
Исо Ҷалилро тарк мекунад.
10Вақте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ӯ низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ.
11Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд, ки: «Ӯ куҷост?»
12Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад».
13Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт.
Исо дар иди хаймаҳо.
14Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод.
15Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Ин Шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?»
16Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст;
17Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.
18Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ҳақиқист, ва дар Ӯ норостӣ нест.
19Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?»
20Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?»
21Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед;
22Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед.
23Модоме ки писаронро дар рӯзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро шифои комил додаам?
24Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед».
25Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд: «Оё ин Ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд бикушанд?
26Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст?
27Лекин мо медонем, ки Ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ӯ аз куҷост».
28Ва Исо, вақте ки дар маъбад таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед;
29Аммо Ман Ӯро мешиносам, чунки ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст».
30Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд.
31Лекин бисьёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?»
32Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ӯро дастгир кунанд.
33Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам;
34Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед».
35Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ӯро ёфта натавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад?
36Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт: „Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед“?»
Исо дар бораи қуввати Рӯҳулқудс сухан меронад.
37Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад.
38Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд».
39Ин суханро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рӯҳулқудс ҳанӯз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.
Фикрҳои дигар‐дигари яҳудиён дар бораи Исо.
40Бисьёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст».
41Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин дигарон гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?
42Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»
43Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ӯ дар байни мардум ихтилоф афтод.
44Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт.
45Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»
46Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст».
47Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед?
48Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст?
49Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд».
50Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
51«Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?»
52Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ ҷалилӣ ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст».
53Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.

المحددات الحالية:

Инҷили Юҳанно 7: KM92

تمييز النص

شارك

نسخ

None

هل تريد حفظ أبرز أعمالك على جميع أجهزتك؟ قم بالتسجيل أو تسجيل الدخول