Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;
Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.
Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.