Инҷили Луқо 21
21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Фулуси бевазан.
1Ва Ӯ назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд;
2Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт,
3Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳама бештар андохт;
4Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиёдатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт».
Бар кӯҳи Зайтун.
5Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт:
6«Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге наҳоҳад монд; ҳамааш хароб хоҳад шуд».
7Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Устод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқӯъ омадани ин чӣ гуна аст?»
8Гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед.
9Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад».
10Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард;
11Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад.
12Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо ҳоҳанд супурд ва ба хотири исми Ман назди подшоҳону ҳокимон хоҳанд бурд;
13Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд.
14Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд бидиҳед.
15Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд.
16Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дӯстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд;
17Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.
18Лекин мӯе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд.
19Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод.
Дар бораи хароб шудани Ерусалим.
20Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст;
21Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд,
22Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.
23Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳанд шуд:
24Ва ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад.
Дар бораи бо ҷалол омадани Худованд.
25Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;
26Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.
27Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.
28Вақте ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд».
29Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед:
30Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст;
31Ҳамчунин, вақте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст.
32Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд;
33Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
34Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳон зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;
35Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад;
36Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед».
37Рӯзҳо Ӯ дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард.
38Ва тамоми мардум бомдодон назди Ӯ ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 21: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.