Юҳанно* 3
3
Суҳбати Исо бо Никудимус
1Дар байни роҳбарони яҳудиён аз равияи фарисиён Никудимус ном марде буд. 2Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Ту аз тарафи Худо фиристода шудаӣ. Зеро агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ба амал оварда наметавонад». 3Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар одам аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». 4Никудимус аз Ӯ пурсид: «Чӣ тавр одами солхӯрда боз аз нав таваллуд ёфта метавонад? Магар ӯ метавонад боз ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд ёбад?»
5Исо ҷавоб дод: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад. 6Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. 7Аз он чи ба ту гуфтам „Шумо бояд аз олами боло таваллуд ёбед“ ҳайрон нашав. 8Бод дар ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад». 9Никудимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»
10Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ? 11Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, Мо чизи медонистагиамонро мегӯем ва дар бораи чизи дидагиамон шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед. 12Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед? 13Ғайр аз Писари Одамизод, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.
14Чӣ тавре ки Мусо дар биёбон мори биринҷиро дар чӯб боло бардошта буд, ҳамон тавр Писари Одамизод ҳам бояд боло бардошта шавад, 15то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ дошта бошад. 16Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. 17Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари Ягонаи Худо имон наовардааст. 19Ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз нур зиёдтар дӯст доштанд, зеро корҳои онҳо бад аст. 20Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва ба сӯи нур намеояд, то ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд. 21Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи нур меояд, то ки корҳои бо ёрии Худо кардааш маълум шаванд».
Исо ва Яҳё
22Баъд аз он Исо бо шогирдони Худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид медод.
23Яҳё бошад, ин вақт дар шаҳраки Энӯни наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд. 24Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
25Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар масъалаи таҳорат баҳс пайдо шуд. 26Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шаҳодат дода будӣ, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!» 27Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ ато шудааст. 28Шумо худатон шоҳид ҳастед, ман гуфта будам, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам“, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам. 29Шахсеро, ки арӯс дорад, домод меноманд ва дӯсти домод бошад, дар паҳлуи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр хурсандии ман беҳадду канор аст. 30Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.
31Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32Ӯ дар бораи он чи Худ дидаасту шунидааст, шаҳодат медиҳад, аммо шаҳодати Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад. 33Вале ҳар касе, ки шаҳодати Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст. 34Шахси Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро беандоза мебахшад. 35Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст. 36Ҳар кӣ ба Писари Худо имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёти абадиро намебинад ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».
Currently Selected:
Юҳанно* 3: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад