YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 22

22
Нақшаи куштани Исо
1Иди Фатир, ки боз иди Наҷот ном дорад, наздик мешуд. 2Коҳинони калон ва устодони шариат аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ ба қатл расонанд. 3Ҳамон вақт шайтон ба дили Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирд буд, даромад. 4Яҳудо ба назди коҳинони калон ва сардорони посбонони маъбади Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад. 5Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд. 6Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати муносиб меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад.
Тайёрӣ ба хӯроки иди Наҷот
7Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд. 8Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Наҷотро тайёр кунед». 9Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр намоем?» 10Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ то ба хонае, ки вай медарояд, равед. 11Ба соҳиби он хона гӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“ 12Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки ба тартиб оварда шудааст. Ҳама чизро дар он ҷо тайёр кунед». 13Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.
Таоми шоми Худованд
14Ҳангоме ки вақту соаташ расид, фиристодагон ҳамроҳи Исо ба сари дастархон нишастанд. 15Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Наҷотро бихӯрам. 16Ба шумо мегӯям, то он вақте ки иди Наҷот дар Подшоҳии Худо ба амал наояд, аз ин хӯрок дигар нахоҳам хӯрд».
17Баъд косаро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Ҳар яки шумо инро гирифта аз он нӯшед. 18Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани Подшоҳии Худо аз шираи ангур нахоҳам нӯшид». 19Сипас, нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Барои ёдоварии Ман ҳамин тавр бикунед». 20Айнан ҳамин тарз пас аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Дар ин коса хуни Ман аст, ки барои шумо рехта мешавад ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймони нав мебандад. 21Донед, ки касе, ки ба Ман хиёнат мекунад, ҳамроҳи Ман дар сари як дастархон аст. 22Писари Одамизод ҳамон тавре, ки барояш таъйин карда шудааст, мемирад, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»
23Фиристодагон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.
Баҳсу мунозира дар бораи бузургӣ
24Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад. 25Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳон ва ҳокимон ҳукмашонро бар мардуми худ мегузаронанд ва худро „одамдӯст“ меноманд. 26Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор. 27Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам! 28Вақте ки аз озмоишҳо мегузаштам, ҳамроҳам будед. 29Чунон ки Падарам ба Ман Подшоҳиро супоридааст, Ман низ онро ба шумо месупорам, 30то ки шумо дар Подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва дар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».
Пешгӯйӣ дар бораи инкори Петрус
31Исо гуфт: «Шимъун, Шимъун! Бидон, ки шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад. 32Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти тавба карда баргаштанат, бародарони худро устувор гардонӣ». 33Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!» 34Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, эй Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор инкор мекунӣ, ки Маро мешиносӣ».
35Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзор фиристода будам, магар аз ягон чиз камбудӣ доштед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Не, надоштем». 36Ӯ ба онҳо гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, харад.
37Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“#22:37 Ишаъё 53:12. Ин гуфтаҳо дар бораи Ман бояд иҷро шаванд, зеро ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро мешавад». 38Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Бас кунед!»
Дуои Исо дар кӯҳи Зайтун
39Исо аз шаҳр баромада, чун ҳарвақта ба кӯҳи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. 40Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед». 41Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:
42«Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад!» 43Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид. 44Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақи баданаш аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид. 45Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон баргашта дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд. 46Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
Дастгир шудани Исо
47Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, тӯдаи одамон пайдо шуд ва пешопеши онҳо ҳамоне меомад ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад. 48Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Писари Одамизодро таслим мекунӣ?» 49Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, оқибати корро пай бурда гуфтанд: «Хоҷа! Бо шамшер бизанем?» 50Ва яке аз онҳо ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт. 51«Бас кунед, бас!» – гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод. 52Баъд ба коҳинони калон, сардорони посбонони маъбади Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Ба фикри шумо Ман ягон роҳзан ҳастам, ки бо калтаку шамшерҳо омадаед? 53Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар маъбади Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Аммо ҳоло вақти шумо ва вақти ҳукмронии торикӣ расидааст».
54Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи саркоҳин бурданд. Петрус дар масофаи каме дуртар аз пушташон омад.
Исоро инкор кардани Петрус
55Дар мобайни ҳавлӣ оташ даргиронданд ва одамон гирди он якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст. 56Канизаке ӯро дар рӯшноии оташ дида, бодиққат ба ӯ нигоҳ кард ва гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!» 57Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам». 58Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не ако, нестам!» – гуфт Петрус. 59Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ низ ҷалилӣ аст». 60«Гӯш кун, ман намедонам, ту чиҳо гуфта истодаӣ», – гуфт Петрус. Ҳамон лаҳза вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. 61Худованд Исо ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва сухани Ӯ ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки худи ҳамин рӯз, пеш аз ҷеғ задани хурӯс, вай се бор Исоро инкор мекунад. 62Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
Дар назди шӯрои пирон
63Одамоне, ки Исоро дастгир намуда буданд, Ӯро масхара карда мезаданд. 64Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, канӣ, гӯй, ки Туро кӣ зад?» 65Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд.
66Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои пирон оварданд.
67Онҳо гуфтанд: «Бигӯ, ки оё Ту Таъйиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар гӯям, бовар намекунед 68ва агар Худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед. 69Вале минбаъд Писари Одамизод аз дасти рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст#22:69 Забур 109:1». 70Онҳо ҳамаашон гуфтанд: «Пас, Ту-чӣ, Писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Шумо худатон мегӯед, ки Ман ҳастам». 71Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!»

Currently Selected:

Луқо* 22: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in