YouVersion Logo
Search Icon

Матто* 8

8
Шифо ёфтани марде, ки гирифтори бемории пӯст буд
1Вақте ки Исо аз болои кӯҳ пойин фаромад, одамон тӯда-тӯда шуда, аз пайи Ӯ рафтанд. 2Дар ин вақт марде, ки гирифтори бемории пӯст буд, назди Исо омада, зону зада ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». 3Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз бемориаш пок гашт. 4Исо ба ӯ гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
Шифо ёфтани хизматгор
5Вақте ки Исо ба шаҳри Кафарнаҳум ворид шуд, ба наздаш як сардори лашкар омад ва ба зорию илтиҷо даромада 6гуфт: «Хоҷаам, хизматгори ман аз ҳаракат монда, дар хона рӯйи ҷогаҳ хобидааст. Аз дард сахт азоб мекашад». 7«Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», – гуфт Исо. 8Аммо сардор ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ. Ту танҳо як амр бидеҳ ва хизматгорам шифо меёбад. 9Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
10Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуме, ки аз пасаш меомад гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад. 11Ба шумо мегӯям, бисёр одамон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб дар сари як дастархон мешинанд. 12Аммо онҳое, ки бояд ба Подшоҳии Худо ворид мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
13Баъд ба он сардор гуфт: «Рав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт.
Шифо ёфтани бисёр одамон
14Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд дар рӯйи ҷогаҳ хобида дид. 15Исо ба дасти вай даст расонд ва таби зан паст шуд. Ӯ аз ҷояш хеста, ба меҳмоннавозии Исо машғул шуд.
16Он бегоҳ одамон бисёр ҷинзадагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. 17Ҳамин тавр пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки пештар гуфта буд: «Дарду бемориҳои моро Ӯ бардоштааст».#8:17 Ишаъё 53:4
Шарту шароити пайрави Исо шудан
18Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш амр дода гуфт, ки ба дигар тарафи баҳр гузаранд. 19Дар ҳамин вақт як устоди шариат наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам». 20Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам». 21Дигаре аз шогирдонаш гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам». 22Лекин Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд».
Ором кардани тӯфон
23Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. 24Ногаҳон дар баҳр тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд, лекин Исо дар хоб буд. 25Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!»
26Исо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ин қадар метарсед?» Баъд Ӯ бархеста ба шамолу мавҷҳо фармон дод. Дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. 27Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ӯ чӣ гуна Шахсе аст, ки ҳатто шамолу баҳр ба Ӯ итоат мекунанд?»
Шифо ёфтани ду ҷинзада
28Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён расид, ду ҷинзадае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. 29Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз муҳлат азоб диҳӣ?»
30Аз онҳо дуртар галаи калони хукон мечарид. 31Сипас, ҷинҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба он галаи хукон бифирист». 32Исо ба онҳо «Равед» гуфт ва ҷинҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Сипас, тамоми гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
33Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба шаҳр гурехта, ин воқеа ва ҳам воқеаи бо ду ҷинзада рӯйдодаро ба ҳама нақл карданд. 34Сипас, ҳамаи одамони шаҳр ба пеши Исо омада, зориву тавалло карданд, ки Ӯ аз сарзаминашон равад.

Currently Selected:

Матто* 8: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in