YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 16

16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Таваллуд ёфтани Исмоил.
1Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
2Ва Сорай ба Абром гуфт: «Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб: шояд, аз вай фарзанддор шавам». Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
3Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
4Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
5Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».
6Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун». Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
7Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
8Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ, ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
9Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».
10Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисьёр афзун гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд».
11Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт:
«Инак, ҳомила ҳастӣ,
ва писаре хоҳӣ зоид,
ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд;
зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.
12Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд;
дасти ӯ бар ҳама,
ва дасти ҳама бар ӯ;
пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».
13Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ#16:13 Ту Худои бинандаи ман. хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
14Аз ин сабаб он чоҳ Беэр‐лаҳай‐рӯӣ#16:14 Чохи Ҳайи бинандаи ман. ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
15Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
16Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.

Currently Selected:

Ҳастӣ 16: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in