Ҳастӣ 25
25
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Никоҳи Иброҳим бо Қатуро.
1Ва Иброҳим боз зан гирифт, ки вай Қатуро ном дошт.
2Вай Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидьён, Ишбоқ ва Шуаҳро ба ӯ зоид.
3Ва Ёқшон Шабо ва Дадонро ба дуньё овард. Ва писарони Дадон Ашурим, Летушим ва Леумим буданд.
4Ва писарони Мидьён Эфо, Эфар, Ҳанӯх, Абидоъ ва Алдоо буданд. Ҳамаи инҳо писарони Қатуро буданд.
5Ва Иброҳим ҳар он чи дошт, ба Исҳоқ дод.
6Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброҳим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.
Вафоти Иброҳим.
7Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, саду ҳафтоду панҷ сол буд.
8Ва Иброҳим вафот ёфт, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
9Ва писаронаш Исҳоқ ва Исмоил ӯро дар мағораи Макфело, дар саҳрои Афрӯн ибни Сӯҳари ҳиттӣ, ки дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, дафн карданд,
10Дар саҳрое ки Иброҳим аз фарзандони Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро мадфун шуданд.
11Баъд аз вафоти Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро баракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр‐лаҳай‐рӯӣ иқомат дошт.
Насли Исмоил.
12Ва ин аст насаби Исмоил писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим зоида буд.
13Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи насаби онҳо; нахустзодаи Исмоил Набойӯт, Қедор, Адбаил, Мибсом,
14Мишмоъ, Думо, Массо,
15Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо.
16Инҳоянд писарони Исмоил, ва ин аст номҳои онҳо, дар қасабаҳои онҳо ва дар айлоқҳои онҳо; дувоздаҳ амири қабилаҳои онҳо.
17Ва солҳои зиндагонии Исмоил саду сию ҳафт сол буд; ва ӯ вафот ёфт, ва аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
18Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба самти Ашшур воқеъ аст, иқомат доштанд; ҷудо аз ҳамаи бародарони худ маскан гирифта буданд.
Насли Исҳоқ.
19Ва ин аст насаби Исҳоқ писари Иброҳим; Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард.
20Ва Исҳоқ чилсола буд, ки Ривқо духтари Батуили арамӣ ва хоҳари Лобони арамиро аз Фаддони Арам барои худ ба занӣ гирифт.
21Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Равқо ҳомила шуд.
22Ва писарон дар батни вай ҷунбиш мекарданд, ва гуфт: «Агар чунин бошад, ин ба ман барои чист?» Ва рафт, то ки аз Худованд бипурсад.
23Ва Худованд ба вай гуфт:
«Ду қабила дар батни ту ҳастанд,
ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд;
ва қавме аз қавме зӯр барояд,
ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».
Таваллуд ёфтани Эсов ва Яъқуб.
24Ва моҳу рӯзаш пур шуда, вақти зоиданаш расид, ва инак экизак дар шиками вай буд.
25Ва нахустин сурхранг берун омад, тамоми баданаш мисли пӯстин пашмнок буд, ва ӯро Эсов ном ниҳоданд.
26Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.
Эсов нахустзодагии худро мефурӯшад.
27Ва бачаҳо калон шуданд, ва Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайманишин.
28Ва Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки сайди ӯ ба муддаои табъаш буд; вале Ривқо Яъқубро дӯст медошт.
29Боре Яъқуб ош мепухт, ва Эсов лакот аз гуруснагӣ аз саҳро омад.
30Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм#25:30 Сурх. номиданд.
31Ва Яъқуб гуфт: «Аввал нахустзодагии худро ба ман бифрӯш».
32Ва Эсов гуфт: «Инак, ман ба мурдан расидаам, ва аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?»
33Ва Яъқуб гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард, ва нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт.
34Ва Яъқуб ба Эсов нон ва оши адас дод: ва ӯ хӯрд, ва нӯшид, ва бархоста, бирафт; ба ҳамин тариқ Эсов нахустзодагии худро хор дид.
Currently Selected:
Ҳастӣ 25: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.