Инҷили Юҳанно 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Бо равғани атрафшон тадҳин кардани Исо дар Байт‐Ҳинӣ.
1Шаш рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт‐Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.
2Дар он ҷо барои Ӯ таоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд.
3Он гоҳ Марьям ратле#12:3 Ратл — андозаи вазн, ки тақрибан ба 450 грамм баробар буд. аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд.
4Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт:
5«Чаро ин равғани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискинон тақсим карда дода шавад?»
6Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.
7Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;
8Зеро ки мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам».
9Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.
10Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,
11Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.
Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо.
12Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,
13Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Хӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»
14Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:
15«Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд».
16Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд.
17Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;
18Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст.
19Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад».
20Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;
21Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт‐Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем».
22Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс ва Филиппус ба Исо гуфтанд.
Писари Худо аз ҷониби Худои Падар ҷалол дода мешавад.
23Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.
24Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.
25Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт.
26Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.
27Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.
28Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».
29Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт».
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;
31Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;
32Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».
33Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.
Беимонии халқ.
34Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?»
35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;
36То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.
37Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд,
38То сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?»
39Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:
40«Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».
41Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.
42Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон низ ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;
43Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.
Исо халқро бори охирин даъват менамояд ва огоҳ мекунад.
44Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст;
45Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст.
46Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
47Ва агар касе суҳанони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот баҳшам.
48Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;
49Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чӣ гуна сухан ронам;
50Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».
Currently Selected:
Инҷили Юҳанно 12: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.