Инҷили Юҳанно 11

11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Эҳьёи Лаъзор.
1Шахсе Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт‐Ҳинӣ, ки деҳаи Марьям ва хоҳараш Марто буд.
2Марьям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд.
3Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст».
4Чун Исо шунид, гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад».
5Исо Марто ва хоҳари вай ва Лаъзорро дӯст медошт.
6Чун шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд.
7Пас аз он ба шогирдонаш гуфт: «Боз ба Яҳудо биравем».
8Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Бисьёр нагузаштааст, ки яҳудиён мехостанд Туро сангсор кунанд, ва Ту мехоҳӣ боз ба он ҷо биравӣ?»
9Исо ҷавоб дод: «Оё рӯз дувоздаҳ соат нест? Касе ки рӯзона роҳ меравад, пешпо намехӯрад, чунки нури ин ҷаҳонро мебинад;
10Лекин касе ки шабона роҳ меравад, пешпо мехӯрад, чунки дар вай нур нест».
11Инро ба забон ронд ва пас аз он ба онҳо гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин Ман меравам, то ки вайро бедор кунам».
12Шогирдонаш гуфтанд: «Худовандо! Агар хуфта бошад, шифо ҳоҳад ёфт».
13Исо дар бораи вафоти вай сухан меронд, лекин онҳо гумон карданд, ки дар бораи хоби муқаррарӣ сухан меронад.
14Он гоҳ Исо ба онҳо ошкоро гуфт: «Лаъзор мурдааст;
15Ва барои шумо шодам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред; вале акнун назди вай биравем».
16Тумо, ки Экизак номида мешуд, ба шогирдон гуфт: «Биёед мо ҳам биравем, то ки бо Ӯ бимирем».
17Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад.
18Байт‐Ҳинӣ дар наздикии Ерусалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд,
19Ва бисьёре аз яҳудиён назди Марто ва Марьям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд.
20Чун Марто шунид, ки Исо меояд, ба пешвози Ӯ берун рафт; лекин Марьям дар хона монд.
21Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд.
22Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод».
23Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳьё хоҳад шуд».
24Марто ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳад шуд».
25Исо ба вай гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд;
26Ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад наҳоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?»
27Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд».
28Чун инро гуфт, рафта хоҳари худ Марьямро пинҳонӣ хонд ва гуфт: «Устод ин ҷост ва туро металабад».
29Инро шунида, вай зуд бархост ва назди Ӯ омад.
30Исо ҳанӯз ба деҳа ворид нашуда буд, балки дар ҳамон ҷое буд, ки Марто Ӯро пешвоз гирифт.
31Яҳудиёне ки дар хона бо вай буданд ва тасаллӣ медоданд, чун диданд, ки Марьям зуд бархоста, берун рафт, аз паи вай равона шуданд, ба гумони он ки ба сари қабр меравад, то ки дар он ҷо гирья кунад.
32Чун Марьям ба он ҷое ки Исо буд, омад, Ӯро дида, ба пойҳои Ӯ афтод ва гуфт: «Агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирьён дид, аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд,
34Ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Биё ва бубин».
35Исо гирья кард.
36Яҳудиён гуфтанд: «Бингаред, чӣ қадар вайро дӯст медошт!»
37Баъзе аз онҳо гуфтанд: «Оё Ин Шахс, ки чашмони кӯрро боз кард, наметавонист амале бикунад, то ки ин ҳам намирад?»
38Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳанаш гузошта буданд.
39Исо гуфт: «Сангро бардоред». Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбуй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост».
40Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
41Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ;
42Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ».
43Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун о!»
44Ва мурда, ки дастҳо ва поҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад».
45Бисьёре аз яҳудиён, ки бо Марьям омада буданд, чун амали Исоро диданд, ба Ӯ имон оварданд;
46Лекин баъзе аз онҳо назди фарисиён рафта, он чи Исо карда буд, ба онҳо гуфтанд.
Қарори саркоҳинон ва фарисиён, ки Исоро бикушанд.
47Саркохинон ва фарисиён дар шӯрои пирон ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Чӣ бояд кард? Ин Шахс мӯъҷизоти зиёде нишон медиҳад;
48Агар Ӯро чунин вогузорем, ҳама ба Ӯ имон хоҳанд овард, ва румиён омада, кишвар ва қавми моро хоҳанд гирифт».
49Яке аз онҳо, ки Қаёфо ном дошт ва дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо чизе намедонед,
50Ва фикр ҳам намекунед, ки барои мо беҳтар аст агар як кас ба хотири қавм бимирад, ва тамоми қавм нобуд нашавад».
51Лекин вай инро аз худ нагуфт, балки, чун дар он сол саркоҳин буд, нубувват кард, ки Исо бояд барои қавм бимирад,
52Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад.
53Аз ҳамон рӯз маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки Ӯро бикушанд.
54Бинобар ин Исо дигар дар миёни яҳудиён ошкоро намегашт, балки аз он ҷо ба мавзее ки наздики биёбон буд, ба шаҳре ки Эфроим ном дошт, равона шуд ва бо шогирдони Худ дар он ҷо монд.
55Чун иди фисҳи яҳудиён наздик шуд, мардуми бисьёре аз ҳар тарафи мамлакат пеш аз фисҳ ба Ерусалим омаданд, то ки худро татҳир намоянд.
56Ва онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданд ва дар маъбад истода, ба якдигар мегуфтанд: «Фикри шумо чист? Оё Ӯ ба ид намеояд?»
57Лекин саркоҳинон ва фарисиён фармоне дода буданд, ки агар касе донад, ки Ӯ куҷост, бояд хабар диҳад, то ки Ӯро дастгир кунанд.

הדגשה

שתף

העתק

None

רוצים לשמור את ההדגשות שלכם בכל המכשירים שלכם? הירשמו או היכנסו