YouVersion လိုဂို
ရွာရန္ အိုင္ကြန္

Инҷили Юҳанно 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Шифо ёфтани кӯри модарзод дар рӯзи шанбе.
1Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид.
2Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?»
3Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;
4То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
5То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».
6Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид,
7Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ, ки маънояш „Фиристода“ мебошад, худро бишӯй». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад.
8Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?»
9Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам».
10Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?»
11Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: „Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй“. Ман рафта, худро шустам ва бино шудам».
12Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам».
13Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд.
15Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам».
16Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.
17Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст».
18Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
19Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст?»
20Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст;
21Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад».
22Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эътироф намояд, аз куништ биронанд;
23Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед».
24Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст».
25Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам».
26Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро воз кард?»
27Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?»
28Вайро мазаммат намуда, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем;
29Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост».
30Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард.
31Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;
32Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад;
33Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».
34Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд.
35Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Худо имон дорӣ?»
36Дар ҷавоб гуфт: «Эй оғо, Ӯ кист, то ки ба Ӯ имон оварам?»
37Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад».
38Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард.
39Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд».
40Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?»
41Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад».

လက္ရွိေရြးခ်ယ္ထားမွု

Инҷили Юҳанно 9: KM92

အေရာင္မွတ္ခ်က္

မၽွေဝရန္

ကူးယူ

None

မိမိစက္ကိရိယာအားလုံးတြင္ မိမိအေရာင္ခ်ယ္ေသာအရာမ်ားကို သိမ္းဆည္းထားလိုပါသလား။ စာရင္းသြင္းပါ (သို႔) အေကာင့္ဝင္လိုက္ပါ