YouVersion လိုဂို
ရွာရန္ အိုင္ကြန္

Инҷили Луқо 20

20
БОБИ БИСТУМ
Масъалаи қудрати Исо.
1Дар яке аз рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада,
2Ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки бо кадом қудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?»
3Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигӯед:
4Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?»
5Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“
6Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“, тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин доранд, ки Яҳьё набӣ буд».
7Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд».
8Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам».
Масал дар бораи токдорони бадкор.
9Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дуру дарозе сафар кард;
10Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдорон вайро зада, тиҳидаст равона карданд.
11Ва ӯ хизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд.
12Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд.
13Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ кунам? Писари маҳбуби худро мефиристам; шояд, ӯро дида, шарм кунанд“.
14Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад“.
15Ва ӯро аз токзор бароварда, куштанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард?
16Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Ҳошо ва калло!»
17Аммо Ӯ ба онҳо назар андохта, гуфт: «Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист:
„Санге ки меъморон рад карданд,
санги сари гӯшаи бино гардид“?
18Ҳар кӣ бар он санг афтад, пора‐пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад».
Масъалаи хироҷ.
19Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ӯ дар ҳаққи онҳо гуфта буд.
20Ва Ӯро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ӯро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунанд.
21Ва онҳо ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегӯӣ ва меомӯзӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ;
22Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?»
23Вале Ӯ макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед?
24Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар».
25Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».
26Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат афтода, хомӯш монданд.
Исо ба саддуқиён дар бораи эҳьё сухан меронад.
27Ва баъзе аз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
28«Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.
29Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;
30Ва он занро дуюмин гирифт, вале ӯ низ фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;
31Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд;
32Баъд аз ҳама зан низ мурд.
33Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки хар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
34Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;
35Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва ба эҳьёи мурдагон бишаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,
36Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
37Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.
38Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд».
Исо дар бораи китобдонон.
39Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд: «Эй Устод! Нағз сухан рондӣ».
40Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе бипурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт:
41«Чӣ сон мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?
42Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
ба ямини Ман бинишин,
43То душманони Туро зери пои Ту андозам“.
44Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?»
45Ва дар сурате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:
46«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
47Онҳо, ки ҳонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама саҳттар маҳкум ҳоҳанд шуд».

လက္ရွိေရြးခ်ယ္ထားမွု

Инҷили Луқо 20: KM92

အေရာင္မွတ္ခ်က္

မၽွေဝရန္

ကူးယူ

None

မိမိစက္ကိရိယာအားလုံးတြင္ မိမိအေရာင္ခ်ယ္ေသာအရာမ်ားကို သိမ္းဆည္းထားလိုပါသလား။ စာရင္းသြင္းပါ (သို႔) အေကာင့္ဝင္လိုက္ပါ