1
Юҳанно* 12:26
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат мекунад, Падарам сарфароз менамояд.
አወዳድር
{{ጥቅስ}} ያስሱ
2
Юҳанно* 12:25
Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад.
3
Юҳанно* 12:24
Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад – ҳосили зиёд меоварад.
4
Юҳанно* 12:46
Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
5
Юҳанно* 12:47
Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам.
6
Юҳанно* 12:3
Марям бошад, як шишаи равғани атрафшони ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.
7
Юҳанно* 12:13
Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ҳамчун рамзи шодӣ ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Баракат ёбад Шоҳи Исроил!»
8
Юҳанно* 12:23
Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шуҳрату ҷалоли Писари Одамизод ошкор гардад!
ቤት
መጽሐፍ ቅዱስ
እቅዶች
ቪዲዮዎች