Инҷили Луқо 15
15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Шикваи фарисиён ва китобдонон.
1Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.
2Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад».
Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда.
3Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт:
4«Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?
5Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;
6Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: „Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам“.
7Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.
Масал дар бораи дирҳами гумшуда.
8Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад?
9Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам“.
10Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».
Масал дар бораи писари ноқобил.
11Боз гуфт: «Шахсе ду писар дошт;
12Ва хурдии онҳо ба падар гуфт: „Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ“. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.
13Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд.
14Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд;
15Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;
16Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе#15:16 Харнуб — як навъ растанӣ, ки донаҳои онро мехӯранд. ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.
17Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт: „Чӣ қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам!
18Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,
19Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз муздуронат қабул кун“.
20Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.
21Ва писар ба вай гуфт: „Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам“.
22Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: „Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед;
23Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар буред: бихӯрем ва димоғчоқӣ кунем,
24Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд“. Ва ба димоғчоқӣ шурӯъ карданд.
25Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид;
26Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?
27Вай ба ӯ гуфт: „Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид“.
28Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад.
29Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: „Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғола ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам;
30Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ“.
31Ба ӯ гуфт: „Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;
32Аммо ба он мебоист шодӣ ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд“».
Currently Selected:
Инҷили Луқо 15: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.