Инҷили Луқо 16
16
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Масал дар бораи амалдори ҳаким, вале ноинсоф.
1Ба шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд;
2Вайро ҷеғ зада, гуфт: „Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошӣ“.
3Он амалдор дар дили худ гуфт: „Чӣ кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм мекунам;
4Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд“.
5Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: „Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“
6Гуфт: „Сад ченак равған“. Ба вай гуфт: „Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис“.
7Баъд ба дигаре гуфт: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Дар ҷавоб гуфт: „Сад ченак гандум“. Ба вай гуфт: „Забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис“.
8Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд.
9Ва Ман ба шумо мегӯям: бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонӣ пазироӣ кунанд.
10Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.
11Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мӯътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупурда бошад?
12Ва модоме ки дар чизи бегона мӯътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад?
13Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед».
Дар бораи порсоии сохтаи фарисиён ва аҳамияти Таврот.
14Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд.
15Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст.
16Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вақт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад.
17Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз Таврот маҳв шавад.
Исо дар бораи талоқ.
18Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.
Сарватдор ва Лаъзор.
19Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард.
20Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд;
21Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд.
22Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд;
23Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид
24Ва фарьёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам“.
25Лекин Иброҳим гуфт: „Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;
26Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд“.
27Ва ӯ гуфт: „Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист.
28Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд“.
29Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд“.
30Аммо ӯ гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард“.
31Ба ӯ гуфт: „Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард“».
Currently Selected:
Инҷили Луқо 16: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.