YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 17

17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Дар бораи ҷиддияти васвасаҳо, дар бораи муҳаббати афвкунанда ва қуввати имон.
1Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
2Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
3Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо;
4Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯъ намуда, гӯяд: „Тавба кардам“, — ӯро афв намо».
5Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
6Худованд гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: „Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав“, — он ба шумо итоат мекард.
Масал дар бораи ғуломе ки аз саҳро бармегардад.
7Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: „Зуд омада, назди суфра бинишин“?
8Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: „Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат бихӯр ва бинӯш“?
9Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.
10Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: „Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем“».
Шифо ёфтани даҳ шахси махавӣ.
11Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
12Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
13Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Устод, ба мо марҳамат кун!»
14Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.
15Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
16Ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.
17Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?
18Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»
19Ва ба вай гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».
Дар бораи омадани Малакути Худо.
20Чун фарисиён ба Ӯ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
21Ва намегӯянд: „Инак, он дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».
Исо дар бораи омадани дуюми Худ сухан меронад.
22Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид;
23Ва ба шумо хоҳанд гуфт: „Инак, дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“, — наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
24Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
25Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.
26Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
27Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
28Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
29Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
30Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.
31Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
32Зани Лутро ба хотир оваред.
33Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард.
34Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
35Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
36Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд».
37Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in