Инҷили Луқо 18
18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Масал дар бораи қозии ноинсоф.
1Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад,
2Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.
3Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: „Маро аз душманонам муҳофизат намо“.
4Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: „Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,
5Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад“».
6Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд?
7Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?
8Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»
Масал дар бораи фарисӣ ва боҷгир.
9Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
10«Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
11Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
12Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам“.
13Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: „Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун“.
14Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».
Исо кӯдаконро дуо мекунад.
15Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.
16Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;
17Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
Исо ва ҷавони сарватдор.
18Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
19Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.
20Аҳкомро медони: зино накун;
қатл накун;
дуздӣ накун;
шаҳодати бардурӯғ надеҳ;
падару модаратро ҳурмат кун».
21Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
22Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».
23Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.
24Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!
25Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
26Шунавандагон гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
27Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».
Дар бораи мукофоти шогирдон.
28Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29Ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду
30Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад».
Исо бори сеюм дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад.
31Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:
32Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,
33Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад».
34Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.
Шифо ёфтани кӯр дар наздикии Ериҳӯ.
35Вақте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;
36Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?»
37Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ меояд.
38Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
39Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
40Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
41«Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид».
43Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 18: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.