Матто* 2
2
Аз шарқ омадани ситорашиносон
1Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашинос аз сарзамини шарқ ба шаҳри Уршалим омада, 2пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён аст? Мо ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
3Вақте ки ин сухан ба гӯши шоҳ Ҳиродус расид, ӯ ва тамоми сокинони Уршалим ба ташвиш афтоданд. 4Ҳиродус ҳамаи коҳинони калон ва устодони шариатро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд шавад?» 5Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст:
6„Эй Байт-Лаҳм, ки дар сарзамини Яҳудо ҳастӣ,
ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ,
зеро аз ту сарваре мебарояд
ва Ӯ халқи Ман – Исроилро чӯпонӣ мекунад“».#2:6 Мико 5:2
7Сипас, Ҳиродус ситорашиносонро пинҳонӣ даъват намуда, ҳангоми суҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро пурсида гирифт. 8Баъд онҳоро ба деҳаи Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Равед ва дар бораи он кӯдак дурустакак пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам».
9Баъд аз суҳбат бо шоҳ, ситорашиносон ба роҳ баромаданд. Ситорае, ки онро дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо рафта, дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, истод. 10Онҳо аз дидани ситора беҳад хурсанд шуданд.
11Ситорашиносон ба хона даромада, кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям диданд ва зону зада, саҷда карданд. Онҳо туҳфаҳои пурарзишро, ки аз тилло, хушбӯйӣ барои дуд кардан ва аз атри қиматбаҳои мурри моеъ иборат буд, аз сандуқҳои худ гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд.
12Дар хобашон Худо онҳоро огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ ситорашиносон бо дигар роҳ ба ватани худ баргаштанд.
Фирор ба Миср
13Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср гурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар он ҷо исто. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро ҷустуҷӯ мекунад».
14Юсуф аз хоб бедор шуда, зану кӯдакашро гирифта, шабонгоҳ ба Миср раҳсипор шуд. 15Онҳо дар он ҷо то вафоти Ҳиродус монданд. Худованд пештар ба воситаи пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам».#2:15 Ҳушаъ 11:1 Барои иҷро шудани ин гуфтаҳои Худованд ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод.
Куштори кӯдакон
16Вақте ки подшоҳ Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб додаанд, бисёр хашмгин шуд. Ӯ фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писаракони то дусоларо кушанд, чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд.
17Ҳамин тавр пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад:
18«Дар шаҳри Ромо овозе ба гӯш мерасад,
Ки садои гиряву фиғон аст.
Роҳел барои фарзандонаш гиря мекунад
ва тасаллӣ ёфта наметавонад,
чунки онҳо мурдаанд».#2:18 Ирмиё 31:15
Бозгашт аз Миср
19Пас аз марги Ҳиродус, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромада 20гуфт: «Бархез, кӯдак ва модарашро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».
21Инак, Юсуф бархеста, зану кӯдакашро гирифт ва ба сарзамини Исроил баргашт. 22Лекин ӯ шунид, ки дар сарзамини Яҳудия Аркилоус ба ҷойи падараш Ҳиродус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо ба вилояти Ҷалил рафтанд. 23Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯйӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд ва ҳамин тавр гуфтаҳои пайғамбарон ба амал омад.
Dewis Presennol:
Матто* 2: KMO
Uwcholeuo
Rhanna
Copi
Eisiau i'th uchafbwyntiau gael eu cadw ar draws dy holl ddyfeisiau? Cofrestra neu mewngofnoda
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад