Матто* 4

4
Аз озмоиш гузаштани Исо
1Баъд аз ин воқеа Рӯҳулқудс Исоро ба биёбон бурд, то ки шайтон Ӯро биозмояд.
2Давоми чил шабонарӯз Исо рӯза дошт ва ниҳоят сахт гурусна монд. 3Он гоҳ шайтони васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». 4Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст, балки бо ҳар сухане, ки Худо мегӯяд».#4:4 Такрори Шариат 8:3
5Сипас, шайтон Исоро ба шаҳри муқаддаси Уршалим бурда, дар ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт 6ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто. Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки
„Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод
ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт,
то ки поят ба санге назанад“».#4:6 Забур 90:11-12
7«Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот боз гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“».#4:7 Такрори Шариат 6:16
8Баъд аз ин шайтон Исоро ба болои кӯҳи хеле баланд бурд ва ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо тамоми шукӯҳу зебоияшон ба Ӯ нишон дода 9гуфт: «Агар Худро ба замин партофта, ба ман саҷда намоӣ, ҳамаи инро ба Ту медиҳам».
10Исо ба ӯ гуфт: «Дур шав, эй шайтон! Чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“#4:10 Такрори Шариат 6:13».
11Он гоҳ шайтон аз Исо дур шуд ва фариштагон омада, ба Ӯ хизмат карданд.
Исо хизмати Худро дар Ҷалил оғоз мекунад
12Дертар Яҳёро дастгир карданд ва ин хабар ба гӯши Исо расид. Сипас, Ӯ ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил баргашт. 13Баъд Исо барои истиқомат кардан аз шаҳри Носира ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Кафарнаҳум дар назди баҳри Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст. 14Ҳамин тавр пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд:
15«Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки дар он тарафи дарёи Урдун, дар роҳи канори баҳр ҷойгир ҳастед!
Эй ноҳияи Забулун ва Нафтолӣ, ки вилояти Ҷалили ғайрияҳудиён ҳастед!
16Мардуме, ки дар торикии гуноҳ зиндагӣ мекарданд, нури дурахшонро диданд
ва бар онҳое, ки ба маконашон сояи марг афтода буд, нур дурахшид».#4:16 Ишаъё 9:1-2
17Аз ҳамин вақт Исо ба эълон кардани пайғоми Худ оғоз намуд: «Тавба кунед ва аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед, чунки Подшоҳии Худо наздик аст!»
Шогирдони аввалини Исо
18Ҳангоме ки Исо дар соҳили баҳри Ҷалил роҳ мерафт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меномиданд ва номи дигаре Андриёс буд. 19Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». 20Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд.
21Исо роҳи Худро давом медод, ки ду бародари дигар, Яъқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ нишаста, тӯрҳои худро дуруст мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард 22ва онҳо зуд қаиқ ва падарашонро гузошта, Ӯро пайравӣ карданд.
Исо халқро таълим медиҳаду шифо мебахшад
23Исо дар саросари вилояти Ҷалил мегашт, дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод, дар бораи Подшоҳии Худо хабари хушро эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид. 24Аз ин сабаб овозаи Ӯ дар тамоми сарзамини Сурия низ паҳн мешуд ва мардум ба наздаш ҳамаи дардмандонро, ки ҳар гуна беморӣ доштанд, меоварданд. Дар байни онҳо ҷинзадагон, гирифторони бемории саръ, яъне онҳое, ки аз ҳуш рафта, шах мешуданд ва шалҳо низ буданд ва Исо онҳоро шифо мебахшид. 25Бино бар ин, мардуми бисёре аз Ҷалилу Даҳшаҳр, аз Уршалиму Яҳудия ва аз сарзамини он тарафи дарёи Урдун омада, аз пайи Исо мерафтанд.

ప్రస్తుతం ఎంపిక చేయబడింది:

Матто* 4: KMO

హైలైట్

షేర్ చేయి

కాపీ

None

మీ పరికరాలన్నింటి వ్యాప్తంగా మీ హైలైట్స్ సేవ్ చేయబడాలనుకుంటున్నారా? సైన్ అప్ చేయండి లేదా సైన్ ఇన్ చేయండి